Дар садамае дар Русия 14 муҳоҷири қирғиз ҷон додаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати ҳолатҳои фавқулода дастур додааст, ки ҷасади 14 шаҳрванди фавтидаро аз минтақаи Уляновски Русия ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Онҳо рӯзи 21-уми август дар як садамаи нақлиётӣ ҷон доданд.