Эрдуғон: Набояд иҷозат дод, "як Чернобили дигар" рух диҳад

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Владимир Зеленский ва Антонио Гуттериш. Лвов, 18 август, 2022.

Раиси ҷумҳури Туркия ба ҳамроҳии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбеи 18-уми август бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар шаҳри Лвов мулоқот карданд. Ин аввалин сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба Украина баъд аз ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар дар феврали соли ҷорӣ аст.

Владимир Зеленский дар нишасти матбуотии сеҷониба хоҳони мудохилаи Созмони Милали Муттаҳид барои пешгирӣ аз рух додани фоҷеаи атомӣ дар нерӯгоҳи ҳастаӣ Запороже шуд. Ӯ эълон кард, ки танҳо бо берун рафтани нерӯҳои русӣ аз ин нерӯгоҳ ва бозгардонидани назорати он ба ҳукумати Украина, имкони пешгирӣ аз як фоҷеаи ҳастаӣ мумкин аст.

Антони Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ ҳушдор дод, ки ҳар гуна зарба ба ин нерӯгоҳ "як худкушӣ" хоҳад буд.

Дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе, Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ аз нигаронии шадиди Туркия аз эҳтимоли садама ба нерӯгоҳи Запороже хабар дод ва гуфт, набояд иҷоза дод "як Чернобили дигар" руй диҳад.

Русия муттаҳам мешавад, ки нерӯгоҳи Запорожеро ба пойгоҳи низомӣ табдил кардааст. Раҳбарони Украина ва Туркия ҳамроҳ бо дабири кулли СММ аз Маскав тақозо карданд, ки ин нерӯгоҳро дар кутоҳтарин вақт "ғайринизомӣ" кунад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба вуруди 325 ҳазор муҳоҷири муваққатии украинӣ ба Туркия аз замони оғози ҳамлаи низомии Русия ишора кард ва гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои поён додани ҷанг масъулияти бештаре аз худ нишон диҳад.

Антонио Гуттериш ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардаанд, ки интиқоли ғалладона аз Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ бояд суръати бештаре бигирад.

Маскав ва Киев ахиран бо миёнаравии Туркия ва Созмони Милали Муттаҳид созиш карданд, ки ғаллаҷоти Украина аз бандарҳои ин кишвар дар Баҳри Сиёҳ ба Туркия фиристода шавад ва баъд аз бозрасӣ, расонаи бозорҳои ҷаҳонӣ шавад.