Вазири корҳои хориҷии Олмон мегӯяд, ки кишвараш аз Украина ҳимоят мекунад ва ба фиристодани силоҳ ба Киев идома хоҳад дод, ҳатто агар Русия ба таври комил додани газ ба Аврупоро қатъ кунад. Анналена Бербок ин матлабро рӯзи сешанбеи 26-уми июл дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод/Радио Озодӣ баён кард.
Ӯ ҳамчунин иқдоми ахири Русия ба коҳиши содироти газ ба Аврупоро "боҷхоҳӣ" номид ва гуфт, "бояд ҳарчӣ зудтар аз вобастагӣ ба энержии Русия раҳо шавем, чун ин масъалаи амният ва озодӣ" аст.
Вай ҳамчунин аз Маҷористон (Венгрия) барои ноҳамсӯӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар ҷанги Русия ва Украина интиқод кард ва гуфт, Русия борҳо ва борҳо борҳо талош кардааст, ки миёни аъзои ин ИА ихтилоф биандозад, аммо муваффақ набудааст. "Аммо мо ҳамакнун дар як ҳамбастагӣ ва иттиҳоди бесобиқа қарор дорем".
Анналена Бербок дар посух ба пурсише дар бораи сафари вазири корҳои хориҷии Маҷористон ба Русия барои дарёфти гази бештар гуфт, "хушбахтона ҳеҷ кадом аз аъзои дигари Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала бо Маҷористон нест ва албатта Будапешт низ чун дигар кишварҳои узви ИА ба тарафдорӣ аз таҳримҳо зидди Русия раъй додааст. Маҷористон хуб медонад, ки ояндаи онҳо дар чӣ самте беҳтар хоҳад буд".
Русия соли гузашта содироти газ ба Аврупоро тақрибан 20 дарсад коҳиш дод ва ба 420 миллион метри мукааб дар як рӯз расонд. Аз замони ҳамлаи низомӣ ба Украина, Русия содироти газ ба Украинаро боз ҳам коҳиш дод ва онро ба камтар аз 100 миллион метри мукааб дар рӯз расонд.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе тасмим гирифт, ки ба хотири пешгирӣ аз бӯҳрони энержӣ, то охири моҳи марти соли оянда 15 дарсад газро сарфаҷӯӣ кунад.
Қаблан Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифта буд, ки воридоти газ аз Русияро аз охири соли ҷорӣ 66 дарсад коҳиш медиҳад ва аз соли 2027 комилан аз гази Русия даст мекашад. Аммо Русия дар қатъи газ пешдастӣ кардааст. Раҳбарони Аврупо Русияро ба истифода аз газ ҳамчун абзор барои боҷ хостан аз Ғарб муттаҳам кардаанд.
Хонум Бербок ҳамчунин дар посух ба пурсише дар бораи аслиҳаи пешрафтае, ки ахиран Олмон ба Украина дод ва ҳамчунин таъхири чандмоҳаи Олмон дар фиристодани чунин аслиҳа гуфт, ки ин силоҳҳо бисёр пешрафта ҳастанд ва барои истифода аз онҳо ниёз ба омӯзиши низомиёни Украина буд.
Рӯзҳои гузашта хабарҳо аз истифодаи сарбозони украинӣ аз силоҳҳои пешрафтаи олмонӣ дар ҷанг муқобили Русия, нашр шуда буд.
Вазири корҳои хориҷии Олмон дар робита ба ояндаи ҷанг дар Украина гуфт, "ҳарчӣ Украина тасмим бигирад, аз пуштибонии мо бархӯрдор хоҳад буд, зеро мо тарафдори қонунҳои байналмилалӣ ҳастем ва аз он ҳимоят мекунем".