Раиси ҷумҳури Русия рӯзи 4-уми июл ба Сергей Шойгу, вазири дифои он кишвар дастур додааст, ки ҳамлаи низомӣ дар Украина пас аз тасарруфи пурраи вилояти Луганск бояд идома ёбад.
Владимир Путин ба вазири дифои ин кишвар гуфт, "воҳидҳои низомӣ дар гурӯҳи шарқӣ ва ғарбӣ бояд вазифаи худро бар асоси нақшаҳои аз пеш қабулшуда идома диҳанд. Умед дорем, ҳамон тавр, ки то ба ҳол дар Луганск рух додааст, ҳама чиз дар ростои муваффақияти онҳо пеш меравад."
Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе ба Путин гузориш дод, ки ҳама қаламрави вилояти Луганск дар назорати артиши ин кишвар аст. Тасарруфи пурраи Луганск як пирӯзии муҳим барои Русия хонда мешавад.
Путин афзудааст, нерӯҳое, ки дар ҷанги Луганск иштирок доштанд, акнун бояд истироҳат кунанд ва тавоноиҳои ҷангии худро барқарор намоянд.
Русия пас аз чанд ҳафта ҳамлаҳои ноком барои тасарруфи Киев дар оғози ҳуҷуми худ ба Украина, аз нимаи моҳи март аксар нерӯҳои худро барои тасарруфи минтақаи Донбасс сафарбар кард.
Дар як ҳодисаи дигар, артиши Украина рӯзи душанбе эълон кард, ки парчами он кишвар дар ҷазираи "Мор" (Змеиный остров) барафрошта шуд. Артиши Русия ҳафтаи гузашта аз ин ҷазираи стратегӣ дар 35-километрии соҳилҳои ҷануб-ғарбии Украина, ки дар рӯзи аввали ҳамлаи низомӣ тасарруф карда буд, берун рафт.
Сухангӯи сарфармондеҳии артиши Украина дар ҷануб-ғарб дар як нишасти хабарӣ гуфт, "амалиёти низомӣ бомуваффақият ба поён расид ва ҷазираи "Мор" ба қаламрави кишвар бозгардонида шуд".
Баъзе аз коршиносон бовар доранд, берун рафтани нерӯҳои русӣ аз ин ҷазира, назорати Русияро бар қаламравҳои баҳрӣ ва муҳосираи бандарҳои Украина дар ҷануб ва ғарби ин кишвар суст хоҳад кард.
Як дипломати ғарбӣ дар Киев ба расонаҳои байнулмилалӣ гуфтааст, ақибнишинии Русия аз ин ҷазира барои содироти амни ғаллаи Украина кофӣ нест. Ӯ афзудааст, "аз як тараф Украина бояд обҳои минтақаро аз мина тоза кунад. Аз сӯи дигар Русия бо истифода аз нерӯи баҳрии худ, ки дар соҳили ҷанубии Украина ҷобаҷо кардааст, метавонад ба осонӣ гаштугузори киштиҳои борбариро халалдор кунад."
Ин дипломат таъкид кард, ки барои аз байн бурдани муҳосираи ин бандарҳо ва дигарбора оғоз кардани содироти ғалла, ҳукумати Украина ба пуштибонӣ ва мадади кишварҳои ғарбӣ ниёз дорад ва Туркия дар ин замина бояд нақши муҳимро иҷро кунад.
Ҳукумати Русия рӯзи панҷшанбе ақибнишиниро аз ин ҷазира иқдоме барои нишон додани ҳусни ният ва мухолифат накардани Русия бо тарҳи Созмони Милал барои эҷоди роҳҳои амни киштиронӣ дар ғарби Баҳри Сиёҳ хондааст.
Артиши Украина иддао кардааст, ки нерӯҳои Русия зери фишори мушакҳо ва тирандозии нерӯҳои баҳрии Украина аз ин ҷазира гурехтаанд.