Қатъи гази Русия ба Аврупо чӣ оқибат дорад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оҷонси Байнулмилалии Энержӣ ҳушдор додааст, ки Русия метавонад, интиқоли газро ба Аврупо пурра қатъ кунад. Коҳиши интиқоли газ дар як ҳафтаи охир барои иқтисоди кишварҳои азими истифодабарандаи он зарбаи ҷиддӣ аст. Ҳоло ин кишварҳо бошитоб анборҳои зеризаминии газро барои зимистон пур мекунанд.