Як мақоми украинӣ рӯзи 27-уми апрел гуфт, Русия омодаи истифода аз минтақаи Наздиднестри (Приднестрове) Молдова барои фишори низомӣ ба Украина аст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ҳушдор дод, ҳар кишваре, ки нияти "мудохила" дар Украинаро дошта бошад, бо вокуниши сахти Маскав рӯбарӯ хоҳад шуд.
Мақомҳои тарафдори Русия дар Наздиднестр рӯзҳои гузашта иддао карданд, ки аз хоки Украина ба ин минтақа "тирандозӣ" шудааст. Дар пайи ин таҳаввулот Ана Маляр, муовини вазири дифои Украина, Русияро муттаҳам кард, ки омода аст аз Наздиднестр ҳамчун пули иртиботӣ барои интиқоли нерӯҳои низомӣ ба хоки Украина ё минтақаҳои дигари Молдова истифода кунад.
Приднестрове ё Наздиднестр минтақае дар шарқи Молдова бо ғарби Украина ҳаммарз аст ва аз замони ҷанг бо ҳукумати марказии Молдова дар соли 1992 аз сӯи ҷудоиталабон идора мешавад.
Тақрибан 1500 нерӯи артиши Русия зери унвони "Нерӯҳои ҳофизи сулҳ" дар ин минтақа ҷобаҷо ҳастанд. Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина нигарониҳо дар бораи истифодаи ин нерӯҳо дар ҷанги Украина афзоиш ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир ҳамчунин бими он меравад, ки Русия ин минтақаро монанди нимҷазираи Қрим ба хоки худ ҳамроҳ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин дар вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои қонунгузорон дар Санкт-Петербург таъкид кард, ки ҳама тасмимҳо дар мавриди "зарбаҳои барқосо" дар сурати таҳдиди стратегӣ гирифта шудаанд. Вай ин зарбаҳоро "ҷавобӣ" номид.
Раисҷумҳури Русия дақиқ нагуфт, ки "зарбаҳои барқосо" бо кадом силоҳҳо анҷом дода мешаванд ва онҳо чиро ҳадаф қарор хоҳанд дод. Ӯ ҳарчанд дар бораи силоҳи ҳастаӣ мустақиман сухан нагуфт, баъзе силоҳҳоро ном гирифт, ки рақибони эҳтимолии Русия надоранд.
Путин ҳамчунин ба суханронии худ дар рӯзи 24-уми феврал, ки дар он аз оғози ба истилоҳ "амалиёти вижа" дар Украина хабар дода буд, ишора кард. Сипас изҳор дошт, ки агар давлатҳои хориҷӣ ба вазъ дар Украина дахолат кунанд, бо оқибатҳое дучор мешаванд, ки то ҳол дар таърих маълум нест.
Путин афзуд, "агар касе бихоҳад аз берун дар ончи ки ҳоло дар Украина рух медиҳад, дахолат кунад, бояд бидонад, ки ба вокуниши сареи Русия рӯбарӯ хоҳад шуд".
Русия, ки дар ҷанги Украина пешрафтҳои чандоне надоштааст, борҳо дар мавриди эҳтимоли истифода аз силоҳи ҳастаӣ "дар сурати таҳдиди стратегӣ алайҳи Русия" ҳушдор додааст.