Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, шаби гузашта эълон кард, ки ҳамлаи густурдаи Русия дар минтақаи Донбасс оғоз шудааст.
Ӯ дар Телеграм навишт, "мо акнун метавонем таъйид кунем, ки ҷанг дар Донбасс оғоз шудааст. Ҷанге, ки муддатҳо пеш худро омодаи он мекарданд. Акнун бахши калоне аз артиши Русия ба ин ҳамла ихтисос ёфтааст".
Раисҷумҳури Украина афзуд, "мо аҳамият нахоҳем дод, ки чӣ қадар сарбозони рус ба ин минтақа оварда шудаанд. Мо хоҳем ҷангид. Мо аз худ дифоъ хоҳем кард."
Бо ақибнишинии нерӯҳои Русия аз минтақаҳои атрофи Киев, ҷанг дар шарқи Украина шадидтар шудааст. Таваҷҷуҳи Русия ҳоло бештар сари минтақаи Донбасс аст. Бахшҳое аз минтақаро аз соли 2014 ба ин тараф ҷудоиталабони тарафдори Русия дар даст доранд.
Чанд дақиқа пеш аз суханронии Зеленский, раиси вилояти Луҳанск низ хабари оғози ҳамлаи Русияро эълон карда буд. Сергей Гайдай дар Фейсбук навишт, "ҳамла оғоз шуд, ҳамон ҳамлае, ки мо ҳафтаҳо дар бораи он суҳбат мекардем".
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии Украина, рӯзи 18-уми апрел ҳашт ғайринизомӣ дар шарқи Украина бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Русия кушта шудаанд. Сергей Гайдай гуфт, чаҳор нафар рӯзи душанбе ҳангоми фирор аз як шаҳрак дар ин минтақа, ки нерӯҳои русӣ онро ишғол карданд, кушта шуданд.
Раиси минтақаи Донетск эълон кард, ки чаҳор ғайринизомии дигар бар асари бомбаборони русҳо ҷон бохтанд.
Артиши Украина чанд ҳафта қабл пешбинӣ карда буд, ки Русия ҳамлаи густурдаеро дар минтақаи Донбасс оғоз мекунад. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, пеш аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина истиқлоли минтақаҳои Донетск ва Луҳанскро, ки дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия буданд, ба расмият шинохт.