Чаро дар бонкҳои Тоҷикистон пули нақд кам аст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чанд рӯз боз дар бонку банкоматҳои Тоҷикистон пули нақд намерасад. Мардум барои гирифтани маош, нафақа ё пасандози худ саргардонанд. Ин вазъ навбатпоиро ба вуҷуд овардааст. Бархе барои гирифтани пул аз минтақаҳо ба пойтахт меоянд. Бонкҳо камбуди пули нақдро ба зиёд будани талабот вобаста медонанд.