Темур Варқӣ, рӯзноманигор
Беш аз 20 сол дар Русия зистам. Аз он шодам, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро ба шиносномаи Русия иваз накардам.
Борҳо аз ман мепурсанд, ки чаро ман, ки ба русӣ сухан мегӯям, хатмкардаи мактаби русӣ ва факултаи филологияи рус ҳастам, дояи рус доштам, , як шоири рус (ба гуфтаи ҳампешагонам) ва рӯзноманигоре ҳастам, ки русӣ фикр мекунад, менависад ва ҳаёташ бо ин забон пайванд дорад, то ҳол шаҳрванди Русия нест? Барои он ки ҳамеша чизе дар вуҷуди ман зидди ин буд. Пас аз воқеаҳои шаҳри Буча ҷавоби ман ба ин суол бароям чун рӯз рушан шуд.
Ду рӯз аст, суҳбати онҳоеро мебинам, ки чӣ тавр артиши Русия тавонист, зидди аҳолии осоиштаи Бучаи Украина ин гуна ваҳшиёна амал кунад? Ҷавоби онро аз хотираҳоям меҷӯям. Аз ончӣ дар бораи ҷанги Афғонистон хондаам; аз ончӣ дар оғози ҷанг дар Тоҷикистон дидаам; аз рӯйдодҳои солҳои охири Шӯравӣ, замоне ки зиёиёни тоҷик аз ҳоли табоҳи забони модарӣ ва зарурати пуштибонии давлатии он ҳарф заданду қиёмат қойим шуд!
Нафрат ва омодагӣ ба куштан, паррондан, бо тонкҳо пахш кардани намоишгарон дар майдон ба ёдам мерасад. Теғи нигоҳи ваҳшии пур аз нафрат ва фашизми русиро борҳо дидаам. Аз оғози давраи тифлиям дар замони Шӯравӣ. Дар чашмони ҳамсояву ҳамдарсонам, дар амали ҳамкоронам, аз тарафи шахсоне, ки дар зиндагӣ дидаам. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Маскав.
Ин фашизми русӣ дар батни идеологияи томгарои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР), дар ҷасади қурбониёни он ва зери пардаи интернатсионализм шакл гирифтаву равнақ ёфтааст. Не, ман намегӯям, ки дар замони Шӯравӣ интернатсионализм вуҷуд надошт. Дар ҷойҳое пайдо буд ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад.
Аммо ҳамзамон интернатсионализм шаклҳои гуногун дошт. Интернатсионализм барои мардуми Шӯравӣ, ки дар он бархе афрод нисбат ба дигарон "баробарӣ"-и бештаре доштанд ва интернатсионализми намоишӣ барои халқҳои дигар, масалан, барои мардуми Афғонистон. Инҳо ду шакли куллан дигаргуни интернатсионализми Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.
Барои мисол, тоҷикони шӯравӣ дар ҳайати артиши 40-ум дар Афғонистон ҳамчун тарҷумон ба куштан ва зери итоат даровардани тоҷикони он сӯи Ому мадад мерасонданд. Хеле каме аз мардум дар ёд доранд, ки артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1979-1989 дар Афғонистон дар куштани як миллион сокини он кишвар даст дошт. Дар натиҷаи бомбаборонҳо ва кушторе, ки артиши 40-уми Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал оварда буд, зиёда аз 5 миллион афғонистонӣ гуреза шуданд. Шумораи аҳолии Афғонистон дар соли 1979 наздик ба 15,5 миллион тахмин зада мешуд.
Як шиноси тоҷикам, собиқадори ҷанг дар Афғонистон, гуфт, шахсони гумонбар барои кумак ба "душманҳо"-ро бо арраи дудаста зинда ба зинда мебуриданд. Ӯ ҳамчунон нақл кард, ки чӣ тавр асиронро бо танкҳо ба истилоҳ "дарзмол" мекарданд.
Як тоҷики дигаре аз Душанбе гуфт, "аз бекорӣ" як зани афғонро бо кӯдаконаш, ки як километр дуртар аз хандақ ва аз зери кӯҳ мегузашт, тирборон кардааст. Ин собиқадорони тоҷики ҷангҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки таъми хунро чашидаанд, дертар барои ин низом ва манфиатҳояш истифода шуданд.
Дастаҳои ГРУ, ки зери фармондеҳии сарҳанг (полковник) Квачков аз Афғонистон берун шуда буданд, дар солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон куштореро ба роҳ монданд, ки дар он қариб 200 ҳазор тоҷикистонӣ ҷони худро аз даст дод. Онҳо аз ҳисоби собиқадорони ҷанги Афғонистон ва ифротиёни ҷиноятпеша, ки зери парчами сурхи "Фронти халқии Тоҷикистон" ҷамъ шуда буданд, ба куштани мардуми бегуноҳ даст зада буданд.
Ин афрод Душанберо муҳосира карда, ягона пайванди шаҳр бо ҷаҳони беруна – роҳи оҳанро тарконда буданд. Дар шаҳр гуруснагӣ сар зада, мардум барои пайдо кардани нон аз шаб дар назди корхонаи нонпазӣ (Хлебзавод) навбат мегирифтанд. Барқ набуд, шаҳрвандон пиёда аз тамоми гӯшаю канорҳои дури шаҳр ба назди Хлебзавод ҷамъ мешуданд. Дар тирамоҳу зимистони соли 1992 шаҳри Душанбе ва мардуми он аз танку "град"–ҳо тирборон карда мешуд.
Ситоди умумии Вазорати дифои Русия ва Ислом Каримов (президенти Узбекистон) он замон дар назди Квачков вазифа гузоштанд, ки дар Тоҷикистон "инқилоб ташкил кунад", то "ҳукумати исломгаро" нест карда шавад. Оё он ҳукумат исломгаро буд? Албатта, не. Ҳамон тавре ки ҳукумати имрӯзаи Зеленский дар Украина фашистӣ нест. Ҳукумати эътилофии Тоҷикистон дар соли 1992 Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ номида мешуд. Он асосан аз кадрҳои ҷавон, аз тарафдорони демократия ва истиқлоли воқеии кишвару давлат иборат буд.
Дар он ҳукумат аз Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) танҳо як кас иштирок дошт. Аъзои боқимонда намояндагони Ҳизби коммунист (КПСС) ва ду нафар аз Ҳизби демократ (ҲДТ) буданд. Аммо ин арқому далел муҳим набуданд. Ва ҳоло ҳам ин далоил пайравони Иттиҳоди Шӯравӣ ва тарғибгарони диктатор Раҳмонро нороҳат намекунад. Дар 30 соли хушунат алайҳи мардуми Тоҷикистон, Раҳмон ва хонаводааш сарватманд шуданд. Онҳо аз коргарони колхоз ба миллиардерҳои долларӣ табдил ёфтанд, ки дар офшорҳо ва дар Швейтсария суратҳисобҳои бонкӣ доранд. Худи Тоҷикистон бо Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ қариб баробар шудааст. Ватани маро ба майдои беҳуқуқӣ табдил доданд, ки дар он инсон барои ақидааш муҷозот мешавад. Одамони беҳтарин парронда шудаанд, дар зиндонанд ва ё дур аз ватан. Ватани ман рӯ ба табоҳӣ овардааст.
Онҳо ҳама он чизеро, ки дар ҳафтод соли ҳукумати Шӯравӣ сохта шуда буд, хароб карданд, тақсим намудаву фурӯхтанд. Мардум маҷбур аст, дар Русия ба гадоӣ ё ба мардикорӣ машғул шавад. Раҳмон наздиктарин шарики Путин аст. Ин ҳама дастовардҳои муштараки онҳо дар тӯли қариб сӣ соли ҳокимияташон аст.
Не, ин он Русияе нест, ки симои зебояш тамоми умр дар дилам шакл гирифта буд. Ва ман намехоҳам, ки Украина сарнавишти Тоҷикистонро такрор кунад. Путин Украинаро барои фазилату ҳиссиёти ғуруру шарафи мардумаш ҷазо медиҳад. "Орк"-ҳои рус наметавонанд, Украинаро барои "ҷиҳод" дар Майдон бубахшанд. Аз азал урдуи Маскав чунин будааст. Дар вақташ Вече ё порлумони мардумии Новгородро дар садаи 15, ки иродаи халқро ифода мекард, бахшида натавонист. Онҳо метарсанд, ки рушду шукуфоии Киев барои мардуми Русия намунаи ибрат мешавад. Аз ин рӯ, ворисони он урду мехоҳанд, шаҳрҳои Украина ва худи Киевро ба харобазор табдил диҳанд, мардумашро таҳқир ва нобуд кунанд.
Онҳое, ки имрӯз аз Путин пуштибонӣ мекунанд, аслан аз Русия ҳимоят намекунанд, балки Русияро ба як Кореяи Шимолии дорои бомбаи ҳастаӣ дар муқобили Кореяи ободи Ҷанубӣ табдил медиҳанд. На ҳар фашисти рус пайрави Иттиҳоди Шӯравӣ аст, вале ҳар як пайрави Шӯравӣ ба фашисти рус монандӣ дорад.
Шумо пай ҳам набурдаед, ки бо мурури замон ки миллатҳои хурдро ба миллатгароӣ айбдор мекунед, чӣ гуна кам–кам ба фашист мубаддал мешавед. Чун аллакай омодаед, ба куштор даст занед, шаҳрҳо, театрҳо, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо, мактабҳоро бомбаборон кунед, "зеро дар он ҷо миллатпарастон, пайравони "Бандера" ҳастанд". Шумо омодаед, мардуми бегуноҳро шиканҷа кунед, таҷовуз кунед, дар сари синаи занҳое, ки "Бандерҳоро таваллуд карда метавонанд", аломати рамзи фашистиро тамғаи сӯзон кунед. Шумо кӯдаконеро мекушед, ки метавонанд "ҳамчун Бандера ба воя расанд".
Шумо омодаед ин ҳама ваҳшониёти фашистӣ, ҳамла ба кишвари ҳамсоя, бе иҷоза даромадан ба давлати бегона ба хотири ғояи "баланди" мубориза бо миллатпарастиро ҳамзамон бо ғорату таҷовузи мардум "сафед" кунед?
Ин аст низому сулҳи Шумо? Чаро ин ҳадафи «баланди» худро аз худии худ ва аз хонаи худ оғоз намекунед? Коршиносон мегӯянд, ки барои ба як муъҷизаи иқтисодӣ табдил додани Русия Путин 20 сол шароити олӣ дошт. Ва агар ин тавр мешуд, ҷумҳуриҳои зиёди Шӯравии собиқ кӯшиш мекарданд, то ба он пайваст шаванд.
Дарки ман ин аст, натиҷаи ҳама он чизе, ки Путин дар Украина ва бо мардуми Украина карду мекунад, як куштор ва маросими дафни танҳо Иттиҳоди Шӯравӣ нест, эҳтимоли ман он аст, ки худи Русия низ дар ин аъмоли зишт нобуд мешавад.
Не, ман дӯст доштани халқи рус, маданияти рус ва Русияро ҳанӯз бас накардаам ва бас намекунам. Ман дар байни русҳо дӯстони воқеии зиёде дорам ва онҳоро дӯст медорам ва қадр мекунам. Ҳатто агар танҳо яке аз онҳо аз ман рӯй нагардонад, бароям басанда хоҳад буд, ки ба Русияи зебо бовар кунам.
Ман бовар надорам, ки ҳама русҳо ва мардуми Русия дар ин ваҳшигарӣ ва ҷиноёти ваҳшиёнаи артиши Русия дар Украина гунаҳкоранд. Аммо ман бо одамони наздики худ, ки иддао доранд, дар Буча мардумро украиниҳо куштаанд ва худашон Мариуполро бомбаборон мекунанд, дӯст будаву муошират карда наметавонам. Ман инсонам, сустӣ дорам. Имрӯз дар вуҷудам ҷӯши нафратро эҳсос мекунам.