Маскав ба сафири Амрико гуфт, робитаҳои ду кишвар дар "ҳоли фурӯпошӣ" аст

Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Русия (дар байн) бо Владимир Путин ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 21-уми март Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Маскавро даъват кард, то ба ӯ бигӯяд, ки робитаҳои ду кишвар бинобар ибрози назари президент Ҷо Байден дар бораи ҳамтои русаш, "дар ҳоли фурӯпошӣ аст". Ҷо Байден ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бинобар фиристодани ҳазорон сарбоз ба Украина, "ҷинояткори ҷангӣ" аст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар баёнияе гуфт, "чунин изҳори назарҳо аз тарафи президенти Амрико зебандаи сиёсатмадоре дар чунин сатҳи болое нест ва робитаҳои Русияву Амрикоро дар остонаи фурӯпошӣ қарор медиҳад". Маскав пештар изҳори назари Байденро "тавҳинҳои шахсӣ" ба Путин дониста буд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия, инчунин, ба сафири Амрико гуфт, "иқдомҳои душманона" алайҳи Русия бо "посухи қотеъ ва маҳкам" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Русия 24-уми феврали имсол бо фиристодани даҳҳо ҳазор сарбоз ба хоки Украина таҷовуз кард, вале онро "амалиёти вижаи низомӣ" мехонад. Русия иддао дорад, ки ҳадаф аз роҳандозии ин амалиёт, поксозии "миллатгароҳо" аст.

Нерӯҳои украинӣ дар 27 рӯзе, ки аз ҳамлаи Русия мегузарад, дар муқобили нерӯҳои русӣ муқобилияти сахт нишон додаанд. Кишварҳои ғарбӣ ҳам таҳримҳои сахтеро алайҳи Русия ҷорӣ кардаанд, то Маскавро ба ақибнишинӣ аз Украина водор кунад.

Ҳарду тараф аз талафот мегӯянд, аммо омори дақиқеро ёфтан мушкил аст.

Владимир Зеленский рӯзи 20-уми март дар паёме ба ҷомеаи Русия гуфт, ки ҳудуди 14 ҳазор сарбозу афсари рус кушта шудаанд. Маскав то кунун марги ҳамагӣ 498 сарбозу афсарашро эътироф кардааст.

Украина ҳафтае пеш гуфта буд, ки тақрибан 1300 сарбозаш кушта шудаанд. Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина садҳо ғайринизомӣ ҳам ҷон бохтаанд, ки дар миёни онҳо занон, кӯдакон ва пиронсолон ҳастанд.

Ҷангҳои сахт ҳамакнун дар чанд минтақаи Украина, аз ҷумла шаҳри муҳим ва стратегии Мариупол идома доранд. Сокинонаш ду ҳафта боз дар муҳосира афтода, бе обу хӯрок ва сӯзишворӣ мондаанд. Пеш аз ҷанг дар Мариупол 400 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекарданд.

Русия аз Украина даст кашидан аз шомилшавӣ ба НАТО, эътирофи Қрим ҳамчун ҷузъи Русия ва эътирофи Донетску Луганск ба ҳайси кишварҳои мустақил, инчунин, даст кашидан аз "миллатгароӣ" ва "артишсозӣ"-ро талаб дорад.

Мақомоти Украина дар посух мегӯянд, узви НАТО шудан намехоҳанд, аммо кафолати амният ва тамомияти арзии худро талаб доранд. Гуфтугӯҳои ду кишвар қариб ҳамарӯза дар шакли видеоӣ давом доранд, вале ба натиҷае нарасидаанд.