Маҷаллаи "Financial Times" рӯзи 13-уми март аз қавли мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки Русия барои ҳамла ба Украина аз Чин таҷҳизоти низомӣ ва ёрӣ хостааст.
Ин мақомоти амрикоӣ бидуни шарҳи бештар ба "Financial Times" гуфтаанд, аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, Маскав аз Пекин дархости таҷҳизоти низомӣ ва дигар кумакҳоро кардааст. Як мақоми амрикоӣ гуфт, Вашингтон ба муттаҳидони худ нисбат ба омода шудани Чин барои кумак ба Русия ҳушдор додааст.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Чин дар Вашингтон эълон кард, ки аз дархости Русия иттилоъ надорад. Ҳукумати Русия ҳам то кунун дар робита ба ин гузориш вокуниш нишон надодааст.
Нигарониҳо аз ёриҳои низомии Чин ба Русия дар ҳоле аст, ки Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, рӯзи душанбе барои мулоқот бо раиси Дафтари комиссияи марказӣ барои умури хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин, омода мешавад.
Ин гузориш аз қавли манбаъҳои огоҳ мегӯяд, Салливан дар назар дорад дар мулоқот бо дипломати баландпоятарини чинӣ, дар бораи эҳтимоли кумаки Пекин ба Русия барои идомаи ҳамла Украина ё нақзи таҳримҳои Ғарб ҳушдор диҳад.
Оқои Салливан рӯзи якшанбе низ ба ҳукумати Чин ҳушдор дод, ки ба Русия дар коҳиши таҳримҳои ҷоришуда, ёрӣ накунад. Вай дар мусоҳибае бо шабакаи NBC гуфт, бовар дорад, ки на Чин ва кишвари дигаре наметавонанд зиёнҳои Русия аз таҳримҳоро ҷуброн кунад.
Ин гузориш меафзояд, дархости Русия аз Чин барои дарёфти силоҳ дар ҳоле аст, ки нишонаҳои зиёде аз чолиши низомиёни Русия барои пешравӣ дар Украина дида мешавад.
Чин то кунун худро дар ҷанги Украина "бетараф" хонда, ҳамлаи низомии Русияро низ маҳкум накардааст.
Ин гузориш меафзояд, Амрико ҳамчунин дар садади розӣ кардани Чин барои ворид кардани фишори бештар ба ҳукумати Русия барои қатъи ҳамла ба Украина аст.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ин ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд.