Дар Душанбе дар як дег 3 тонна палав пухтанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аввалин бор рӯзи 30-юми октябр дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе дар деги калон чор ошпази тоҷик оши 3 тонагӣ пухтанд.
Ин иқдом дар Ҷашнвораи "Оши палав" рӯи кор омад. Барои пухтани ин оши калон 800 кило биринҷ, 270 кило гӯшт, як тонна сабзӣ ва дигар анвои растанӣ дар ҳаҷми зиёд масраф шудааст.