Бисёре аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ, яке аз гӯшаҳои гарми дунё, имсол хушксолии сахтеро аз сар мегузаронанд ва мардум оқибатҳои онро хуб эҳсос мекунанд. Борон ҳам имсол кам борид ва ҳарорат ба ҳадде баланду тоқатфарсо аст, ки мардум рӯзона аз хона берун намеоянд. Айни замон, онҳо гуруҳеро гунаҳкори камобӣ медонанд ва баъзе ҳам ҳаққу ноҳақ масъулияти онро ба гардан мегиранд.
Рӯзи сахти кишоварзон
Аввалин касоне, ки аломатҳои хушксолии сахтро мебинанд, кишоварзон ва чӯпонҳо ҳастанд. Дар вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон, Ҷонибек Кожук ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, мардуми куҳансоли инҷо нақл мекунанд, ки дар умрашон чунин хушксолиеро надидаанд.
Кожук гуфт, аз ҳамон аввали баҳор маълум буд, ки хушксолии сахт дар пеш аст ва мақомотро ба он гунаҳкор кард, ки аломатҳои ин фалокатро дида, вале ҳеч чорае наандешиданду бепарвоӣ карданд. Мангистау асосан як вилояти биёбонӣ аст, вале чарогоҳҳои васеъе ҳам дорад, ки моли зиёде мечарад, аз ин рӯ дар ин ҷо хисоротро аз ҳисоби талафоти гову гӯсфанду асп маълум мекунанд.
Имсол дар инҷо ҳазорон сар гову гӯсфанду асп аз ташнагиву наёфтани алафи кофӣ ҳалок шудаанд. Ҳеч кас ҳам имсол дақиқ гуфта наметавонад, ки мардум ва хоҷагиҳо чӣ қадар моли худро талаф додаанд. Ҳоло дигар алафи дурусте дар чарогоҳҳо намондааст ва айни замон қимати ғалладона ва хӯроки чорво дар Қазоқистон имсол фавқуллода боло рафтааст.
Ҳатто гузориш мерасад, ки чорвопарварон дар Мангистау аз ноилоҷиву ночорӣ, картонҳои коғазиро дар об тар карда ба гӯсфандони гуруснаи худ медиҳанд.
Ҷонибек Кожук мегӯяд, онҳо картонҳоро аз мағозаҳои шаҳри Ақтау мехаранд, вале ҳоло дар мағозаҳо низ дигар картон ёфта намешавад.
Ҳукумати Қазоқистон дертар миқёси мушкилотро дарк кард, вале барои таъмини Мангистау бо коҳи арзон аз дигар гӯшаҳои кишвар чораҳое андешидааст. Вазорати кишоварзии Қазоқистон рӯзи 26-уми июл гуфт, барои шаш моҳ содироти хӯроки чорво ва ғалладона барои хӯроки чорворо манъ кардааст, то барои чорвопарварони дохилӣ мушкилот пеш наояд.
Ҳазорон километр дуртар аз инҷо дар ҷанубушарқи Қирғизистон дар вилояти Чуй кишоварзон аввалин гуруҳе буданд, ки таъми талхи хушксолиро чашиданд. Баҳор киштзорҳояшон сар кашид, вале бо гузашти андаке вақт ба сабаби камобиву хушксолӣ пажмурдаву хушк шуд.
Мақомоти Қирғизистон гуфтаҳоеро такрор карданд, ки маълум аст, яъне оби кофӣ нест. Айни замон ба системаҳои обёрии боқимонда аз замони шӯравӣ ёдовар шуданд, ки ба гуфтаи онҳо фарсуда шудааст ва ба эҳтиёҷоти феълии кишоварзонро бароварда сохта наметавонад.
Нурлан Шариво, муовини вазири кишоварзии Қирғизистон миёнаҳои моҳи июн гуфт, системаҳои шӯравии обёрӣ дар вилояти Чуй барои хоҷагиҳои давлатии кишоварзие сохта шуда буд, ки зироатҳои обталаб парвариш намекарданд. Ӯ гуфт: "имрӯз деҳқонон, ғалла, тарбуз ва дигар зироатҳое кишт мекунанд, ки оби зиёд талаб мекунад".
Азбаски мақомот дар замони камобӣ ҳеч коре аз дасташон наомад, баъзе деҳқонон дар вилояти Чуй ба таври худ амал карданд. Онҳое, ки дар саргаҳи аз наҳрҳо замин доранд, шабона оби бештарро ба киштзорҳояшон баста, киштзорҳои деҳқонони поёнобро беобу хушк карданду онҳоро ба хашм оварданд. Дар ниҳоят мақомоти вилояти маҷбур шуданд, ки дар назди дарғоту марказҳои тақсими об посбон монанд, то мардум онҳоро худсарона баставу боз накунанд. Баъди ин кишоварзони вилояти Чуй роҳи аслӣ байни шаҳри Ӯш ва Бишкекро бастанд ва аз мақомот хостанд, мушкилоти камобиро ҳал кунанд. Мақомот ваъда доданд, ки наҳру обанборҳоро покиза мекунанд ва ё нав месозанд ва ҳам чоҳ мекананду аз зеризамин об мекашанд.
Дар Узбекистон дар вилояти Намангон як кишоварз аз ноҳияи Давлатобод ва дигаре аз ноҳияи Турақӯрғон барои об гиребони ҳамдигарро гирифтанд ва дуввумӣ дар натиҷаи ҷароҳати сахт аз сараш ҳалок шуд. Дар ноҳияи Ангор дар вилояти Сурхондарё ҳам даъвову ҷанҷол барои об идома дорад. Хоҷагиҳои хусусии рустои Навшаҳр мегӯянд, ки хоҷагиҳои давлатӣ беинсофӣ мекунанду оби зиёдро мегиранд ва мақомот ҳам дар тақсими об беадолатӣ мекунанд.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки муноқиша байни хоҷагиҳои хусусӣ ва давлатӣ то ба додгоҳ рафтааст. Дар айни ҳол ду гуруҳ аз хоҷагиҳои давлатӣ ва хусусӣ дар назди дарғоти наҳр ҷамъ омада, баҳсу даъво мекунанд ва мақомот чанд дафъа пулисро даъват кардаанд, то монеи ҷангу занозанӣ байни ду тараф шаванд. Ба гуфтаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, ҳоло ин гуна ҷанҷолҳо дар бисёре аз гӯшаҳои Узбекистон зиёд шудааст.
Зиндагӣ дар шаҳр
Шояд кишоварзону чӯпонҳо аввал фаҳмиданд, ки хушксолӣ меояд, вале ҳоло сокинони шаҳрҳо ҳам медонанд, ки чунин фалокати табиӣ барои онҳо чӣ оқибате дорад. Дар Кӯлоб саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон ҳоло қисме аз хонаҳои баландошёна об надоранд ва мардум аз поёну аз лӯлаҳои оби наздик ба биноҳояшон ба боло об мекашанд. Талаб Иброҳимов, сокини маҳаллаи Шоҳин ба Радиои Озодӣ гуфт, "ман 78-сола ҳастам ва ҳоло рӯзона дар ду зарфи пластикӣ ба хона об мекашам. Кори ман обкашӣ шудааст".
Рӯзи 12-уми июл тақрибан 100 сокини шаҳри Бесагаш дар канори шаҳри Алмаато, як роҳи асосӣ ба ин шаҳрро баста ва ба ин ҳамин шакл аз қатъ шудани пайвастаи об ба хонаҳояшон эътироз карданд. Айни мушкил дар шаҳри Орал дар шимолуғарби Қазоқистон ҳам дида шудааст.
Дар Туркманистон, ки гармои тоқатфарсо як чизи маъмулӣ дар тобистон аст, имсол авзоъ дигар аст ва ҳарорат дар баъзе ҷойҳо то ба 50 дараҷа мерасад. Рӯзи 7-уми июл дар вилояти Лебап дар шарқи кишвар ҳавои инҷо то 55 дараҷа тасфидааст. Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, мардум обро аз мошинҳои обкаш мехаранд ва қимати 20 литри об то 1.4 доллар расидааст. Ҳарчанд қимати баланде ба назар намерасад, вале бо назардошти либосшӯӣ ва ҳаммом гирифтан, хароҷоти хонаводаҳо барои об фавқуллода зиёд мешавад.
Дар Қирғизистон, ки аксаран нерӯи барқи обӣ истеҳсол мекунад, мақомот аз ҳоло ба мардум гуфтаанд, барои лимит ва ё маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ омода бошанд, чун дар об дар Токтогул, бузургтарин обанбори кишвар кам аст.
Камобӣ ҳамчунин сабаби боло рафтани қимати маводи хӯрока шудааст, чун кишоварзон ҳосили дуруст нагирифтанд ва чорвои зиёде талаф ёфтааст. Ин мушкил ғолибан соли оянда ҳам идома мекунад. Масалан, қимати сабзӣ, яке аз арзонтарин навъи сабзавот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол дар Қазоқистон 400 маротиба боло рафт. Дар Тоҷикистон ҳам ба сабаби якбора осмонӣ шудани қимати сабзӣ, "фиғони мардум ба фалак печид".
Хушксолӣ албатта рӯзе ба поён мерасад, вале мушкилоти тақсиму таъмини об аз байн намеравад. Тағйири иқлим, ки Осиёи Марказиро гарму хушктар кардааст, зоҳиран дар оянда ҳам ба сари мардум сахтии зиёд меорад. Осиёи Марказӣ, ки то аввали соли 1900 фақат 8 миллион нафар аҳолӣ дошт, ҳоло хонаи 75 миллион нафар аст ва дар сурати чунин афзоиш то 9 соли дигар 80 миллион сокин хоҳад дошт.
Мақомот дар Осиёи Марказӣ ваъда медиҳанд, ки бо кандани чоҳ ва истифодаи обҳои зеризаминӣ мушкили мардумро зуд осон мекунанд. Дар Мангистау дар Қазоқистон мардум аз ширкатҳои нафткашӣ талаб доранд, ки ба ҷойи чоҳи нафт, чоҳи об кананд. Пешниҳоди аҷибе, ки нишон медиҳад, муҳимтарин моеъ дар Осиёи Марказӣ ҳоло чӣ ҳаст.