Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои дафтари худ дар Душанбе корманди техникии ботаҷриба ва ҳирфаӣ меҷӯяд.
Ҳисобот додан ба бахши техникӣ дар Прага ва ҳамоҳанг кардани корҳои фаннӣ (техникӣ) бо мудири дафтар/мудири бахш, аз ҷумлаи масъулияотҳои корманди техникӣ ба шумор меравад. Корманди фаннӣ ҳамчунин масъули нигаҳдории таҷҳизот, таъмир, ҳалли мушкилот, навсозӣ ва кумак ба кормандон мебошад.
Довталабон бояд камаш панҷ сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд.
Барои ҳамоҳангӣ бо ҳамкорони бахши техникӣ дар Прага, донистани забони англисӣ ҳатмӣ аст. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зарурӣ мебошанд.