Вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Миёна ва Афғонистон дар як нишасти маҷозӣ ё онлайн аз афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон нигаронӣ карданд. Мулоқот рӯзи 7-уми июл бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ва Маркази минтақавии Созмони Милал дар мавриди дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) баргузор шудааст.
Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки тайи рӯзҳои охир гурӯҳи Толибон аксар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароваранд ва густурда шудани доманаи нооромиҳо кишварҳои минтақаро нигарон кардааст.
Дар мулоқоти рӯзи чоршанбе, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Афғонистон ширкат доштанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон ва ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо чолишҳои амниятӣ гуфтугӯ шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, вазирони умури хориҷии ин панҷ кишвар бо ишора ба ҳассосияти шароит ва борикии раванди сулҳ, гуфтаанд, "иштибоҳи гузаштаи раҳо кардани Афғонистон ба ҳоли худаш" набояд такрор шавад.
Вазири корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, "сулҳи пойдор дар Афғонистон тазминкунандаи осудагӣ барои тамоми Осиёи Марказӣ аст". Вазири корҳои хориҷии Туркманистон гуфтааст, кишвараш ҳозир аст то ба ҳадафи амалӣ шудани тарҳҳои калони иқтисодӣ пайванди минтақавӣ ва нақлиётӣ ёрӣ кунад.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон аз омодагии ҳамаҷонибаи кишварҳояшон барои пуштибонӣ аз раванди сулҳи Афғонистон омодагии хешро иброз дошта, таъкид кардаанд, ки Созмони Милал дар раванди муваққати гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон нақши асосиро иҷро кунад.
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳаниф Атмар бар идомаи машваратҳои сиёсӣ ва таъмини оташбаси фаврӣ барои пешгирӣ аз вуқӯи буҳрони густурдатари башарӣ таъкид карда, ҳамчунин ӯҳдадории кишварашро барои ақиб рондани гурӯҳи Толибон ва таъмини амнияти марзҳо, шаҳрҳои калон ва роҳҳои нақлиётӣ эълон кардааст.
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳам ахиран бо пахши наворе гуфтанд, зиёда аз 400 шаҳрванди Афғонистон дар пайи ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Дар навор дида мешавад, ки паноҳандагон дар минтақаи марзӣ ҳастанд ва бо мошинҳо савор карда мешаванд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Бадахшон мегӯяд, дар миёни паноҳандагон занону кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, фирориён давоми 3 рӯз дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ буданд ва баъдан ба ҷойи бехатар кӯчонда шуданд. Мақомот ба хотири бехатарӣ ҷойи онҳоро нагуфтаанд.
Дар моҳҳои охир гуруҳи Толибон дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон фаъол шудаанд ва беш аз 90 дарсади ноҳияҳои Афғонистонро дар наздикии марз бо Тоҷикистон тасарруф кардаанд. Ба ҷуз аз паноҳандагон, ҳудуди 2 ҳазор сарбози афғон ҳам дар пайи ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, онҳоро ду рӯз пеш бо ҳавопаймо ба кишварашон бурданд.
Афғонистон бо се кишвари Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон садҳо километр марз дорад. Ҳузури ҷангҷӯёни ин кишварҳо дар сафҳои гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон ҳамеша мояи нигаронии мақомоти ин кишварҳо будааст.
Русия -- ҳампаймони ин кишварҳо эълон кард, ки аз муттаҳидони худ дар баробари ҳар гуна таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон ҳимоят мекунад.