"Tajik soap, Handmade"- бо чунин тамға як сокини Душанбе бо истифода аз равғанҳои гуногуни растанӣ собунҳои дастӣ омода мекунад. Мегӯяд, собунҳояш хусусияти табобатӣ доранд ва дар намоишгоҳҳо Тоҷикистонро бо ин маҳсулоташ муаррифӣ мекунад.
Маҳмудҷон Муқимов ягона собунпази тоҷик аст, ки ба ин ҳунар панҷ соли пеш рӯ овард. Ӯ дар аввал танҳо барои фарзандони худ ва баъдан барои дӯстонаш собун тайёр мекард. Акнун Маҳмудҷон Муқимов барои шумораи муайяни мизоҷон собун таҳия мекунад. Ӯ ҳеҷ дастгоҳи махсус ё корхонаи вижа надорад ва ин ҳунарро дар шароити хона ва дастӣ анҷом медиҳад. Балончаи газ, дегчаи махсус ва анвои гуногуни равғанҳову моеъи хушбӯйкунанда асоси кораш аст.
"Ҳар кадом аз равғану моеъи хушбуйкунанда бояд ченаки муайян дошта бошад. Агар ягонтаашро кам ё зиёд гирем, собун сифаташро гум мекунад. Барои ҳамин, ҳар кадомашро вазн кашида, баробар мегирем. Маҳсулотро аз хориҷа, аз ҷумла Русия ворид мекунем. Аз Тоҷикистон танҳо равғани кунҷит ва офтобпарастро дастрас кардан мумкин аст"-гуфт ӯ.
Тавре худаш мегӯяд, дар аввал ҳудуди 28 навъи собунро таҳия мекард, аммо чун талаботи мизоҷонро дид, ҳоло танҳо 14 навъи онро истеҳсол мекунад. Муштариёни ӯ асосан меҳмонони хориҷӣ ҳастанд ва аз ин хотир, ҳаҷми кораш калон нест, бештар аз рӯи фармоиш амал мекунад.
Тавре худаш мегӯяд, мардум аз кори ӯ камтар огоҳанд. Баъзан то панҷ дона собунро дар як моҳ ҳам фурӯхта наметавонад. "Барои мардум фарқ надорад, ки ту дар ин чӣ истифода мекунӣ. Муҳим ки дар 2 ё 3 сомонӣ собун харидорӣ кунад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як дона собуни таҳиякардаи Маҳмудҷон аз 10 то 25 сомонӣ арзиш дорад. Мегӯяд, нархи равған ва моеъҳои хушбӯйкунанда таъсири хешро ба нархи собун ҳатман мегузоранд, вале ба таъкиди худи ӯ, тамоми ин маҳсулот органикӣ буда, дар омода кардани ин собунҳо аз маҳсулоти кимиёӣ истифода намешавад. Онҳое ҳам, ки аз таркибу тарзи омодашавии собунҳои Маҳмудҷон огоҳӣ доранд, ба маҳсулоти ӯ бартарӣ медиҳанд.
Барно Ҷабборова, сокини пойтахт аз мизоҷони аслии ҳунари Маҳмудҷон аст. Ӯ мегӯяд, барои духтаронаш, ки муйҳои дароз доранд, аз ин собунҳо харидорӣ мекунад. Собунҳои истеҳсолкардаи Маҳмудҷон ҳарчанд дар бозор харидори зиёд надоранд, аммо дар намоишгоҳҳои дохилу хориҷ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Мегӯяд, охирин намоишгоҳе, ки ӯ бо ҳунари собунпазиаш ширкат дошт, Ҷумҳурии Узбекистон буд. Акнун талош дорад, маҳсулоти истеҳсолкардаашро ба мардум бештар муаррифӣ кунад. Барои ин дар маркази Душанбе як мағоза ҳам ба иҷора гирифтааст.
"Оянда агар мардум шиносоӣ пайдо кунад, харидорҳо зиёд шаванд, кӯшиш мекунем, ки ин маҳсулотро ҳуҷҷатгузорӣ карда, ба бозору мағозаҳо ворид кунем. Ҳоло ин барои шиносоӣ аст".
Маҳмудҷон умед дорад, ки рӯзе ин ҳунараш аз хона ва як мағозаи хурд ба коргоҳи истеҳсоли собунҳои тоҷикӣ мекӯчад ва мардум аз маҳсулоташ фаровон истифода мекунанд. Ва барои ин ҳоло бо шавқу ҳаваси зиёд ин ҳунарро ба фарзандонаш меомӯзонад.