Бозии мунтахабҳои Тоҷикистон – Муғулистон 25-уми март баргузор мешавад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тақвими бозиҳои моҳи марти мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро расман эълон кард. Аксари бозиҳо, аз он ҷумла бозӣ дар гурӯҳи “Fмиёни тимҳои миллии Мянмар Қирғизистон, ки бояд 30-юми март дар шаҳри Мандалай доир мегардид, ба моҳи июн гузаронида шуданд.

Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март баргузор мешавад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Илова ба бозии Тоҷикистон - Муғулистон, моҳи март боз се бозии дигари мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё сурат мегирад - Арабистони Саудӣ - Яман (25-уми март, Риёз), Непал - Австралия (30-юми март, Катманду) ва Муғулистон - Ҷопон (30-юми март, Тиба, Ҷопон).

Бояд гуфт, ки моҳи июн мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) бозӣ мекунад.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи "F". Даври 7-ум

25-уми март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ - соати 18:00

Тоҷикистон - Муғулистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Қирғизистон дар ҷойи дувум ва Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.