20 сол бе Муборакшо

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт. Ду даҳсолае, ки ӯ дар байни мо нест ва "Ғарибӣ"-ву "Чор ҷавон"-ро намехонад, аммо таронаҳояш дар маъракаҳои хурсандӣ ва ҳолати ғамгинӣ садо медиҳанд ва аз сӯйи овозхонҳо гаштаву баргашта ва бо шеваҳои гуногун иҷро мешаванд.