Хадамот сабаби болоравии нархҳоро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани қимати маҳсулот 11 миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Сокинон мегӯянд, ҷаримаву ҳабс роҳи ҳал нест, беҳтар аст, мақомот чораҳои дигари поин овардани нархи маҳсулотро биандешанд.