Хабаргузории "Азия Плюс"-ро аз ҷойи гармкардааш берун мекунанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Роҳбарияти яке аз маъруфтарин хабаргузориҳои маҳаллӣ ва мустақили Тоҷикистон, "Азия-Плюс" ахиран огоҳӣ гирифтанд ки бояд ҳарчӣ тезтар дафтари кории худро барои оҷонсии Ховар холӣ кунанд. Ба онҳо пешниҳод шудааст ки аз як ошёнаи бинои маҷмаии Шарқи Озод ба қабати дигари он бикӯчанд.