Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Узбекистон киҳо даъват шудаанд?

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев ҳайати дастаро, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон ширкат меварзад, эълон кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми август дар Душанбе ҷамъ меояд ва омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор хоҳад шуд, шуруъ мекунад.

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев ба ҷамъомад 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ҳимоятгари “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев, ки дар ихтиёри бошгоҳи худ мебошад, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Тошканд мепайвандад.

Дарвозабони “Истиқлол”-и Душанбе Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия моҳи ноябри соли гузашта корти сурх гирифта буд, тибқи дастури FIFA дар бозӣ бо Узбекистон иштирок намекунад. Бо вуҷуди ин, Ятимов бо мунтахаби миллӣ тамрин менамояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);

Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)

Сармураббӣ Усмон Тошев.