Боздошти се муҳоҷир дар марзи Русия бо Қазоқистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пас аз бархӯрди муҳоҷирони корӣ бо нерӯҳои интизомӣ дар ноҳияи Болшая Черниговка дар вилояти Самараи Русия се нафар аз онҳо дастгир шудаанд. Александр Сомов, раиси ноҳия, ба расонаҳо гуфтааст, муҳоҷирон дар ин мавзеъ моҳҳо боз интизори гузаштани марзи Қазоқистон ҳастанд.