Баҳси додгоҳии Абдумалик Қодиров бо Internews

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиси пешини дафтари "Интернюс" (Internews) дар Тоҷикистон ин созмони амрикоиро ба додгоҳ кашидааст. Абдумалик Қодиров даъво дорад, ки қарори аз вазифа барканор кардани ӯ "хилофи қонуни меҳнат" ва "низомномаи ташкилот" аст ва аз додгоҳ мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунад. ​Созмони амрикоии "Интернюс" масъаларо расман шарҳ надодааст, вале як намояндааш дар Тоҷикистон гуфтааст, "ин як баҳси одии корӣ аст".