Гурӯҳи кории СММ аз Тоҷикистон хост, Мақсуд Иброҳимовро озод кунад

Мақсуд Иброҳимов

Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"-ро озод кунад ва барояш ҷуброн пардозад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба содир кардани чанд ҷинояти вазнин гунаҳкор донистаанд. Ҳамсараш 30-юми июн гуфт, Иброҳимовро дар чаҳор моҳ як бор мебинанд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Мақсуд Иброҳимовро соли 2015 дар Русия рабуда , зӯран ба Тоҷикистон овардаанд. Ӯ дар як мурофиаи пӯшида ба 17 соли зиндон маҳкум гардид.

Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро масъули амалкардҳои ғайриқонунӣ нисбат ба Мақсуд Иброҳимов номидаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки ҳуқуқи поймолшудаи Иброҳимови 43-сола пурра барқарор карда шавад.

Мақсуд Иброҳимов 24-уми июни соли 2015 бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба "як қатор ҷиноят", аз ҷумла "даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ташкили созмони ҷиноӣ" гунаҳкор дониста шуд. Дар ҳоле ки мақомот боздошти ғайриқонуниву рабуда шудани Иброҳимовро дар Русия шарҳ намедиҳанд, ҷонибдоронаш ва ҳуқуқшиносони СММ парвандаву ҳукмашро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Тақозо аз мақомоти Тоҷикистону Русия

Хулосаҳои аъзои Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона дар бораи Мақсуд Иброҳимов рӯзи 5-уми июн нашр шуд ва мақомоти Тоҷикистону Русия посухҳои охирини худро ба ин гурӯҳ моҳи апрели имсол фиристодаанд. Дар поёни таҳқиқи нимсолаи қазияи Мақсуд Иброҳимов, гурӯҳ ба хулосае омадааст, ки ин зодаи шаҳри Душанбе сирф барои фаъолиятҳои сиёсиаш муҷозот шудааст.

Дар талаби ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон омадааст, "Иброҳимов бояд билофосила аз зиндон озод шавад", "ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия бояд мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ ҷуброни ҳабс, боздошти махфӣ ва ихроҷи ӯро пардохт кунанд" ва ҳукумати Русия “таҳқиқи ин қазияро ба роҳ монда, тамоми шахсони масъул дар қазияи Иброҳимовро ба ҷавобгарӣ бикашад".

"Гурӯҳи корӣ мушаххас намуд, ки ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи Иброҳимов дар таърихи 20-уми январи соли 2015 масъулияти муштарак доранд ва ҳукумати Тоҷикистон дар боздошти худсаронаи Иброҳимов дар он рӯз масъулият дорад", --омадааст дар хулосаҳои кори ин гурӯҳ.

То январи соли 2015 чӣ гузашт?

Мақсуд Иброҳимов то замони боздошту маҳкумияташ миёни фаъолони тоҷик дар Русия ба унвони як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон ва муассиси созмони сабтиномнашудаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” буд. Дафъатан баъди рад шудани сабтиноми созмонаш аз ҷониби Вазорати адлияи Русия тирамоҳи соли 2014 дар Тоҷикистон ҳам созмонаш мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шуд.

26-уми ноябри он сол ӯ дар Маскав мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди ношинос қарор гирифт ва вақте ду моҳ баъд – январи соли 2015 хост, қазияи ҳамла ба ӯ дар додситонии Русия таҳқиқ шавад, худ боздошт ва зӯран ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.

Гурӯҳи кории СММ бар пояи таҳқиқи қазия менависад, рӯзи 20-уми январ вақте баъди навиштани ариза дар Додситонии кулли Русия ба кӯча баромад, ӯро "мардони ношиноси тоҷик рабуда, ба як идораи полис бурданд ва тамоми чизҳо, аз ҷумла шиносномаи Русияаш мусодира шуд".

Ба навиштаи муҳаққиқони СММ, ӯро ба фурудгоҳи Домодево бурда "ба қисмати ҷомадонҳои ҳавопаймои тиҷоратӣ ҷой карда ба Душанбе фиристоданд". "Иброҳимов дар варақе пеш аз парвоз ба ходимони фурудгоҳ навишт, ки ӯро рабудаанд, вале касе таваҷҷӯҳ накард", -- омадааст дар гузориши 15-саҳифаии СММ.

"Дар Тоҷикистон ӯ боздошт ва бидуни тамос ва огаҳии хешовандону ҳуқуқшиносон давоми даҳ рӯз дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шуд", -- мегӯянд муҳаққиқони Гурӯҳи корӣ.

Ин дар ҳолест, ки хешовандону ҳамкорон ва матбуот дар ин муддат ҳама дар ҷустуҷӯи ӯ буданд. Муаллифони гузориш бо такя ба манбаъҳои худ мегӯянд, "Иброҳимов дар боздошт шиканҷа шуд" ва таҳти фишор ба матбуот гуфт, ки ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст.

Изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон

Рӯзи 30-уми январи соли 2015 мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар Душанбе тасдиқ карданд, ки Мақсуд Иброҳимов -- раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар Русия дар Душанбе қарор дорад. Дар ин нишаст намояндаи Додситонии кул Муҳаммадризо Халифазода гуфт, ки ба зидди Иброҳимов бо иттиҳоми ифротгароӣ (экстремистӣ) парванда боз шуда, тафтишашро Вазорати умури дохилӣ идома медиҳад.

Дар ин нишаст ва баъди ин ҳам мақомот ҳеҷ гоҳ шеваи интиқоли ӯро аз Маскав ба Душанбе шарҳ надоданд.

Гурӯҳи кории СММ дарёфтааст, ки то замони шурӯи мурофиаи додгоҳӣ дар Душанбе ба Иброҳимов айб эълон нашуд ва замони мурофиа ҳам ҳеч шоҳиде аз ҷониби ӯ баёнот надод. Дар мурофиа “15 корманди додситонӣ, танҳо ду узви оила ва ду вакил иштирок карданд”. Иброҳимов дар “робита бо иттиҳоми экстремизм гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад”.

Муҳаққиқони СММ мегӯянд, мурофиаи додгоҳии Иброҳимов ҳам бо қонуншиканиҳои зиёд гузашт ва ҳатто вакилон натавонистанд масъулиятҳои худро пурра иҷро кунанд.

Дар зиндони низомаш сангини шаҳри Ваҳдат

Наздикони Мақсуд Иброҳимов зоҳиран аз санади нави Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хабар надоранд. Иброҳимов дар зиндони низомаш сангини шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад. "Зиндониҳои дигар рӯзе се бор, ӯ нӯҳ бор аз қайд мегузарад", -- омадааст дар гузориши СММ.

Саодат Умархӯҷаева, ҳамсари Мақсуд Иброҳимов рӯзи 30-юми июн дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳар чаҳор моҳ як дафъа ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки чанд рӯз бо ҳам бошанд. Умархоҷаева гуфт, шавҳараш аз саломатӣ ва вазъи нигоҳдориаш шикоят надорад.

"Аз зиндон занг зада меистанд. Кадом вақте хӯрок барем, қабул мекунанд. Занг зада саломатиро мепурсанд, тамом". Умархоҷаева аз ин беш сӯҳбат кардан нахост ва ҳамчунин маълум нест, ки то куҷо Иброҳимову наздиконаш барои бозбинӣ шудани парвандаи ӯ талош мекунанд.

15 ҳолати рабудан ва ҳабс дар 14 соли гузашта

Фаъолони ҳуқуқи башар соли 2019 гуфтанд, аз соли 2005 то соли гузашта 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Ба камияш нӯҳ ҳодиса дар чаҳор соли охир сабт шудааст. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мухолифонашро дар хориҷа ҳам таъқиб мекунад.

Шубҳа дар иҷро шудани талабҳои СММ

Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башар оид ба боздоштҳои худсарона дар поёни гузоришаш аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия тақозо кардааст, ки дар давоми шаш моҳи наздик дар бораи иҷро шудани ин тақозоҳо гузориш диҳанд. Вале коршиносон ба иҷро шудани ин талаб, ҳамонгуна, ки бо қазияҳои дигар, аз ҷумла Зайд Саидов шудааст, шубҳа доранд.

Ойниҳол Бобоназарова

Ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷамъиятӣ Ойниҳол Бобоназарова дар ин замина гуфт, Тоҷикистон ба унвони кишвари узви СММ бояд машваратҳои онро иҷро кунад:

"Мувофиқи қонуну қоида онҳо бояд ҳамкорӣ кунанд. Вақте талаб мекунанд, бояд давлатҳои узв дида бароянд. Агар дар ҳақиқат ин чиз бошад, онро озод карданаш даркор. Аммо афсӯс иҷро намешаванд. Маълум аст, ки баъзе ҳукуматҳо на он қадар ба ин чиз аҳамият медиҳанд ва мегӯянд, ин кори дохилии давлат аст, мо медонем ва ғайра", -- афзуд фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Бобоназарова афзуд, механизми кори Шӯрои ҳуқуқи башари СММ “ба ислоҳот ниёз дорад”, то ки фаъолияташ дар умури ислоҳи вазъ дар кишварҳо беҳбуд ёбад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!