Дар Тоҷикистон мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон манъ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар зиндонҳо мулоқоти маҳбусонро бо наздиконашон муваққатан манъ кардаанд. Бар асоси тартиби нав, аз 31-уми март маҳбусон наметавонанд бо наздиконашон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат дошта бошанд.