Беҳрӯз ва Сомон дар "Paris Grand Slam 2020" ҳафтум шуданд

Сомон ва Беҳрӯз, варзишгарони тоҷик

Паҳлавонони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2020», ки дар шаҳри Пориси Фаронса ҷараён дорад, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Ҳарду дар рӯзи аввали мусобиқа - 8-уми феврал – дар вазни то 73 кило рақобат карданд.

Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Фаронса) ва Шамил Ҷавбатиров (Олмон) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Ҷопон) шикаст хӯрд. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Ҷопон) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков бошад, аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Узбекистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро азони худ кард.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар «Paris Grand Slam 2020» 683 варзишгар (407 мард ва 276 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд. Ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков, Тоҷикистонро Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Зимнан, мусобиқаи мазкур дар Порис баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дувумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.

Рӯзи шанбе, 8-уми феврал, занон дар чор вазн – 48, 52 , 57, 63 кг – ва мардон дар се вазн – 60, 66, 73 кг – рақобат карданд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа

Мардон

-60 кг
1. НАГАЯМА Рюҷу (Ҷопон)
2. АБУЛАДЗЕ Яго (Русия)
3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. СМЕТОВ Йелдос (Қазоқистон)

-66 кг
1. АН Баул (Кореяи Шимолӣ)
2. КИМ Лимхвон (Кореяи Шимолӣ)
3. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)
3. ЗАНТАРАИА Георгий (Украина)

-73 кг
1. ҲАШИМОТО Соичи (Ҷопон)
2. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)
3. СЕНД-ОЧИР Сонгтбаатар (Муғулистон)
3. ТӮРАЕВ Ҳикматуллоҳ (Узбекистон)

Занон

-48 кг
1. БИЛОДИД Дариа (Украина)
2. КОГА Вакана (Ҷопон)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. МУНХБАТ Урансесег (Муғулистон)

-52 кг

1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ГИУФФРИДА Одетте (Италия)
3. ПИМЕНТА Ларисса (Бразилия)
3. ШИШИМ Аи (Ҷопон)

-57 кг
1. ДЕГУЧИ Криста (Канада)
2. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)
3. ГЯКОВА Нора (Косово)
3. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)

-63 кг
1. АГБЕНАНУ Кларисс (Фаронса)
2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
3. ДОИ Масако (Ҷопон)
3. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии рӯзи аввали рақобатҳо дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдоди медалҳо дар мусобиқаи мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 7 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор дорад. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 2 медал (1 тилло, 1 нуқра) ҷойи дувум ва мунтахаби Фаронса бо касби 2 медал (1 тилло, 1 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби ду ҷойи ҳафтум зинаи 18-умро касб кардааст.

Имрӯз, 9-уми феврал, барандагони медалҳо дар се вазн - 70, 78, +78 кг - миёни занон ва дар чор вазн - 81, 90, 100, +100 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд.

Имрӯз се гуштигири тоҷик вориди рақобатҳо мешаванд. Акмал Муродов ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Камолиддин Расулов аз Узбекистон аст. Рақиби Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал Франсиско Баланта аз Колумбия мебошад. Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал бо Найдан Тувшинбаяр аз Муғулистон вориди рақобат мешавад.

Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқот 154 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотпулӣ ба таври зайл тақсим мешавад:

ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар 4000 доллар ва мураббӣ 1000 доллар);

ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар 2400 доллар ва мураббӣ 600 доллар);

ҷойи 3-юм: 1500 доллар (варзишгар 1200 доллар ва мураббӣ 300 доллар).

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020» соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд, бинобар ин ҳадафи аслии гуштигирони тоҷик ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 мебошад.

Соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Paris Grand Slam 2019» чаҳор варзишгари тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) иштирок карда, дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда буданд.