"Ҳудуди ним миллион нафар дар Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Ҳудуди ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд.” Ин хабарро масъули дафтари Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Душанбе 19-уми ноябр ва дар рӯзи 30-солагии қабули Қатъномаи ҳуқуқи кӯдакон баён дошт. Тоҷикистон соли 1993 ба ин қатънома пайвастааст.