Намоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон. Мардум аз чӣ норозиянд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садҳо нафар дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон ба зидди ҳузури иқтисодии Чин дар ин кишвар эътироз карданд. Норозиён талаб доранд, ки бо сармояи Чин дар Қазоқистон корхона насозанд ва президент Қосимҷомарт Тоқаев низ сафари худро ба Пекин бекор кунад.