Мушкили ягона озмоишгоҳи хун дар Кӯлоб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кор дар яке аз озмоишгоҳҳои тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб гоҳе ин байтро мемонад, ки ба Фирдавсӣ нисбат медиҳанд: “Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб расид”. Аммо ин ҷо табибон барқасд нӯшдору ва ё дақиқтараш хулосаи ташхисро дер намефиристанд, баръакс, сабабҳои дигар аст, ки имкон намедиҳад, онҳо ҳарчӣ зуд корашонро анҷом диҳанд ва бемор наҷот ёбад.