Чиҳил акс аз бист соли ҳукуматдории Путин. Чӣ тағйир ёфт?

Владимир Путин дар ҷашни рӯзҳои Маскав. Моҳи сентябри соли 2016 

Путин раиси ҳукумати Русия шуд. Августи соли 1999

Президенти нахустини Русия Борис Елтсин баъд аз интиқоли расмии қудрат ба Путин Кремлро тарк мекунад. 31-уми декабри 1999 

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия интихоб шуд. Марти соли 2000-ум

Владимир Путин бо Борис Немтсов. Моҳи июли 2000-ум. Немтсов дар охири солҳои навад яке аз ворисони эҳтимолии Борис Елтсин ном бурда мешуд. Ӯро моҳи феврали соли 2015 дар Маскав, чандсад метр дур аз Кремл, куштанд. 

Ҳангоми сафар ба Карелия. Августи соли 2001

Владимир Путин дар Ню-Йорк. Ноябри 2001 

Ҳангоми моҳидорӣ. Апрели соли 2002 

Владимир Путин ҳангоми истироҳат бо аҳли хонаводааш. Тобистони соли 2002

Дар нишасте дар Бангкок. Соли 2003 

Дар қароргоҳи Ново-Огарёво. Моҳи июли соли 2003

Ҳангоми тамрин. Феврали 2004 

Владимир Путин бо президенти Амрико Ҷорҷ Буш ҳангоми аксгирии расмӣ. Чили, ноябри 2004

Ёдбуди қурбониёни Ҳолокост дар Байтулмуқаддас. Апрели 2005 

Путин ва қаҳрамони олимпӣ Алина Кабаева ҳангоми тақдими ҷоиза дар Кремл. Моҳи декабри 2005

Президент Владимир Путин дар Кремл. Июни 2006

Дар ситоди ГРУ. Ноябри соли 2006

Владимир Путин бо ҳамсараш Людмила ва президентони пешини Амрико Билл Клинтон ва Ҷорҷ Буши калонӣ дар маросими дафни Бориса Елтсин. Апрели 2007

Ҳангоми сафар ба вилояти Белгород. Сентябри 2007 

Владимир Путин дар Булғористон. Январи 2008. Моҳи майи ҳамон сол бо пешниҳоди Путин, Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия интихоб шуд. Худи ӯ ба курсии нахуствазирӣ нишаст.

Нахуствазири Русия Владимир Путин бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар Маскав. Ноябри 2008. Қаззофӣ моҳи октябри соли 2011 сарнагун ва кушта шуд

Нахуствазир Путин дар Операи давлатии Дрезден, Олмон. Январи 2009. Путин солҳои 80-ум дар Дрезден хидмат кардааст

Ҳангоми рухсатӣ. Августи 2009

Путин дар маркази омода кардани кайҳоннавардон. Апрели соли 2010

Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳангоми сафари корӣ ба Украина. Октябри 2010

Августи 2011 

Санкт-Петербург. Апрели 2012

Владимир Путин баъд аз чаҳор соли нахуствазирӣ, соли 2012  боз президенти Русия интихоб шуд. Дар акс Путин бо ҳамсараш Людмила тасвир ёфтааст, ки пас аз адои савганд калисоро тарк мекунанд. 7 майи 2012. Баъд аз як соли ин воқеа, ҳамсари Путин дар бораи талоқ хабар дод. Президенти Русия расман муҷаррад аст. 

Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Амрико Барак Обама дар нишасти раҳбарони G8 дар Ирландияи Шимолӣ. Июни 2013. Соли 2014 пас аз ишғоли Қрим ва оғози низоъ дар Украина Русия аз гурӯҳи ҳаштгона ронда шуд.

Владимир Путин дар Минск ҳангоми дидор бо президенти Украина Петро Порошенко. Августи 2014 

Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Маскав. Майи 2015 

Дар нишасти ҳарсолаи хабарӣ дар Маскав. Декабри соли 2015

Дар Юнон. Моҳи майи соли 2016 

Владимир Путин ва варзишкор Маргарита Мамун ҳангоми тақдими ҷоиза дар Кремл. Августи 2016 

Владимир Путин ва вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҳангоми истироҳат дар Тива. Августи соли 2017 

Моҳи июли соли 2018. Поёни Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия 

Дар мусобиқаи хоккей. Декабри 2018 

Владимир Путин. Соли 2019.