Кореяи Шимолӣ - рақиби Тоҷикистон дар финали "Hero Interсontinental Cup 2019"

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии «Hero Interсontinental Cup 2019», ки рӯзи ҷумъаи 19-уми июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон, дар варишгоҳи «ЕКА Arena», баргузор мешавад, бо тими миллии Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар финали ин мусобиқаи байниқораӣ баъди анҷоми бозии охирини сабқати гурӯҳӣ шаби сешанбеи 16-уми июл миёни дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон ва Сурия маълум шуд. Бояд гуфт, ки мунтахаби Сурия танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар ин дидор ба финал мебаромад.

Вале бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм, бозигари мунтахаби Ҳиндустон Нарендер Гаҳлот боз кард. Дар дақиқаи 78-ум Фирас Ал-Хатиб аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳисобро баробар намуд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии «Hero Interсontinental Cup 2019», ки рӯзи ҷумъаи 19-уми июл соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад, бо тими миллии Кореяи Шимолӣ вориди рақобат хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон 15-уми июл бозии даври охирини сабқати гурӯҳиро ба тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 бохта буд. Голи ягонаро Ри Хёнг Чжин дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм, ба самар расонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ дар ҷадвали мусобиқа бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Кореяи Шимолӣ низ шаш имтиёз ба даст овард, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо мақоми дувумро касб намуд. Мунтахаби Сурия бо чор имтиёз севум шуд. Тими Ҳиндустон бо як имтиёз ҷойи чорумро ишғол кард.

“Ширкат дар «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои мо як давраи омодагӣ ба марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешавад, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад”, - гуфт ба Радиои Озодӣ мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон.

Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадободи Ҳиндустон

Даври 1-ум

7 июл (якшанбе)

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 2:4

Голҳо: Сунил Четрӣ, 4 – аз пеналтӣ (1:0). Сунил Четрӣ, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 58 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 75 (2:4).

7-уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 7293 тамошобин.

8 июл (душанбе)

Сурия – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Даври 2-юм

10 июл (чоршанбе)

Тоҷикистон – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳомҷон Баротов, 67 (2:0).

10 –уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 732 тамошобин.

13 июл (чоршанбе)

Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ – 2:5

Дари 3-юм

15 июл (душанбе)

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Ри Хёнг Чжин, 33.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (капитан), Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов (Зоир Ҷӯрабоев, 81), Сиёвуш Асроров, Илҳомҷон Баротов (Шарафҷон Солеҳов, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нозим Бобоҷонов, 37, Алишер Баротов, 90+5), Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 63), Комрон Турсунов (Отабек Каримов, 72).

Огоҳӣ: Чанг Кук Чол, Пак Мёнг Сонг, Чое Чжу Сонг (Кореяи Шимолӣ), Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Тоҷикистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Ри Хёнг Чжин (Кореяи Шимолӣ).

Сардовар: Венкатеш (Ҳиндустон).

15 –уми июл. Аҳмадобод. Варзишгоҳи «EKA Arena». 634 тамошобин.

16 июл (сешанбе)

Ҳиндустон – Сурия 1:1

Гол: Нарендер Гаҳлот, 52 (1:0), Фирас Ал-Хатиб, 78 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

2

0

1

6-3

6

2

Кореяи Шимолӣ

3

2

0

1

8-7

6

3

Сурия

3

1

1

1

6-5

4

4

Ҳиндустон

3

0

1

2

5-10

1

Финал

19 июл (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 19:30

Тоҷикистон Кореяи Шимолӣ

Ҳиндустон, Аҳмадобод, варзишгоҳи «EKA Arena»

Эзоҳ: замони оғози бозӣ – бо вақти Душанбе.