Ширкати чаҳор паҳлавони тоҷик дар "Budapest Grand-Prix 2019"

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Budapest Grand-Prix 2019”, ки рӯзҳои 12-14-уми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, чаҳор паҳлавони тоҷик ширкат меварзад.

Ба иттилои вебсайти Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Budapest Grand-Prix 2019” ширкати 550 варзишгар (344 мард ва 206 зан) аз 82 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар рақобатҳо миёни мардон чаҳор варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (вазни зери 90 кг) ва Темур Раҳимов (вазни беш аз 100 кг) –намояндагӣ мекунанд.

Имрӯз, 12-уми июл занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – вориди рақобатҳо мешаванд. Рӯзи шанбеи 13-уми июл барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 кг ва 70 кг миёни занон ва 73 кг ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбеи 14-уми июл бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн – 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов рӯзи шанбеи 13-уми июл, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов рӯзи якшанбеи 14-уми июл рақобат мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввали рақобатҳо Сомон Маҳмадбеков бо Антоин Бучард (Канада), Акмал Муродов бо Алексиос Нтанатсидис (Юнон), Комроншоҳи Устопириён бо Марко Бубанҷа (Австрия) ва Темур Раҳимов бо Сослан Бостанов (Русия) қувваозмоӣ менамоянд.

“Budapest Grand-Prix 2019”, ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо 924 имтиёз дар ҷойи 20-ум, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо 683 имтиёз дар ҷойи 31-ум, Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило бо 628 имтиёз дар ҷойи 35-ум ва Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило бо 230 имтиёз дар ҷойи 77-ум қарор доранд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалии “Budapest Grand-Prix 2019” ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Барои ҷойи 1-ум 3000 доллар, ҷойи 2-юм - 2000 доллар ва ҷойҳои 3-юм 1000-долларӣ муқаррар шудааст.