Чаҳор даста дар нимфинали қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон

Чаҳор дастаи мунтахаб – Русия, Канада, Ҷумҳурии Чех ва Финляндия - ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей, ки дар шаҳрҳои Братислава ва Кошитсеи Словакия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.

Дар чорякфинал, ки рӯзи панҷшанбеи 23-юми май баргузор шуд, Русия бар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 4:3, Канада бар Швейтсария бо ҳисоби 3:2, Ҷумҳурии Чех бар Олмон бо ҳисоби 5:1 ва Финляндия бар Шветсия бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 25-уми май баргузор мешавад, Русия бо Финляндия ва Ҷумҳурии Чех бо Канада рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 бо ширкати 16 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “А” – Канада, Финляндия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “В” – Русия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Швейтсария - ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Вале чаҳор дастаи гурӯҳи «А» - Словакия, Дания, Британияи Кабир, Фаронса ва чаҳор дастаи гурӯҳи «В» - Латвия, Норвегия, Италия ва Австрия – аз ҳаққи ширкат дар чорякфинал маҳрум шуданд.

Инчунин чаҳор тими мунтахаб – ИМА, Швейтсария, Олмон ва Шветсия, ки дар даври чаҳорякниҳоӣ шикаст хӯрданд, ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро аз даст доданд.

Қаҳрамони нави ҳоккейи ҷаҳон дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 26-уми май барпо мегардад, маълум хоҳад шуд.