"Маро ба хотири рӯймол пеш карданд" Баҳси як зан бо Донишгоҳи тиббӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, мақомоти ин муассисаи таълимиро ба додгоҳ кашидааст.

​Малика Сангинова иддао дорад, ки ӯро ба хотири пӯшидани рӯймол ва изҳори назар дар Фейсбук аз кор пеш карданд. Ӯ ҳашт соли охир китобдори донишгоҳ буд. Вале масъулони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон далели аз кор гирифтани Сангиноваро "рафтори нохуби ӯ" гуфтанд.