Беҳтарин аксҳои тасвирбардорони Радиои Озодӣ дар соли 2018

Сохтмончиён дар минтақаи Хандугаи Русия. 2-юми феврал. Дар ин минтақа ҳаво то 50 дараҷа сард мешавад.

Эътирозгарон дар ҳамоише, ки тарафдорони сиёсатмадорони мухолиф Михаил Саакашвиллӣ рӯзи 4-уми феврал дар Киев роҳандозӣ карданд. Ҳазорон нафар истеъфои раиси ҷумҳур Петро Порошенкоро талаб намуданд. Рӯзи 12-уми феврал нерӯҳои амниятии Украина Саакашвилиро боздошт ва ӯро аз он кишвар ихроҷ карданд.  (Акс аз Сергей Нужненко).

Пионерҳои ҷавон дар ҷараёни роҳпаймоӣ дар Минск, Белорус дар рӯзи 8-уми феврал. Беш аз 500 нафар пионерҳо аз гӯшаву канори Белорус ҷамъ омада ва дар раҳпаймоӣ ё парад дар як Маҷмааи варзишӣ ширкат карданд.

Ҳамоиши донишҷӯён дар Тбилиси дар рӯзи 14-уми феврал бо талаби ворид кардани тағйирот дар қонуни кори Гурҷистон. Онҳо дар ин ҳамоиш аз ҳуқуқи коргарон дифоъ карданд. (Акс аз Мзиа Саганелидзе)

Шикори шоҳин дар Қазоқистон. 25-уми феврал.

Динора Алимбекова, барандаи медали тилло аз Белорус дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ рӯзи 27-уми феврал ба кишвараш баргашт. Дастаи мунтахаби Белорус дар ин сабқат ду медали тилло ва як нуқра ба даст овард.

Барандаи Ҷоизаи нобели Малола Юсуфза рӯзи 31-уми март бо мақомоти минтақаи Сувот дар шаҳри Исломобод мулоқот намуд. Малола дар соли 2012 мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт ва барои муолиҷа ба Бритониё интиқол дода шуд. Вай барои пуштибонӣ аз таҳсили духтарон, мавриди ҳамла қарор гирифт. (Акс аз Ниёз Аҳмадхон).

Обхезӣ дар дарёи Припят дар минтақаи Ҳомел дар Белорус. 4-уми апрел.
 

Мардум рӯзи 24-уми апрел дар Ереван ёди қурбониёни Ҷанги Аввали Ҷаҳонро гиромӣ доштанд. (Акс аз Амос Чапле)
 

Мардум дар азои қурбониёни даргириҳои солҳои 1992-1993 дар минтақаи Абхазиа. Ҷасадаҳо рӯзи 26-уми апрел ба Тбилиси бозгардонида шуданд. 

Боку, Озарбойҷон. 29-уми апрел.

Ереван, Арманистон. 8-уми май. Мухолифон сарнагунии ҳукумати Серж Саркисянро ҷашн мегиранд.

Ёдбуди хабарнигорони бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар қароргоҳи марказии радио дар шаҳри Прага. Дар ҳамлаи гурӯҳи ДИИШ дар рӯзи 30-юми апрел се хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ кушта шуданд.

10-уми май. Пулис дар шаҳри Алмаато эътирозгаронро боздошт мекунад. Даҳҳо нафар аз эътирозгарон, ки раҳоии маҳбусони сиёсиро талаб доштанд, аз сӯи пулис боздошт шуданд.

13-уми май. Тоторҳои ҷавони Қрим барои беш аз 1000 нафар қурбониёни истибдоди даврони сталинӣ дуо ва ниёиш мекунанд. Ин қурбониён аз сӯи ҳокимони вақт аз сарзамини бобоияшон ихроҷ шуданд.
 

Як духтар маросими хатми мактабро тамошо мекунад. 25-уми май, Бишкек. Қирғизистон.

Мухлисони дастаи "Ливерпул қабл аз бозии ниҳоии дастаашон бо "Реал Мадрид" дар Киев. 26-уми май.

Як чӯпон дар кӯҳҳои Тушети дар Гурҷистон. 28-уми май.

Як сарбози украинӣ дар Донетск. 22-уми июн.

Эътирозгарон раҳоии филмсоз Олег Сентсов ва ҳамкори дигараш Александер Колченкоро талаб доранд. Ин афрод дар соли 2014 аз сӯи Русия дар Қрим боздошт шуданд. Соли 2015 додгоҳе дар Русия ба иттиҳоми терроризм онҳоро маҳкум ба зиндон кард. Колченко ва Сентсов ва ҳамчунин тарафдоронашон ин боздоштро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд. 

Шаби пурситора дар вилояти Норини Қирғизистон. 18-уми июл.

Истгоҳи метро дар Тошканд, Узбекистон. 9-уми август.

Як китобхона дар Донетск, шарқи Украина. 11-уми август.

Ҳунармандон дар як маросими арӯсӣ дар Минск, Белорус. 12-уми август.

Ҷашни иди Қурбон дар Боку, Озарбойҷон. 22-юми август.

Як сарбоз дар Минск ҳини як маросим. 26-уми август.

Гӯсфандони мардуми кӯчӣ дар вилояти Урузгони Афғонистон. 26-уми август.

Як арӯс аз ақаллияти Дунган дар Қазоқистон либоси арӯсӣ ба бар кардааст. 27-уми август.

Бозиҳои ҷаҳонии кӯчӣ дар Қирғизистон. 4-уми сентябр.

Дар назди Муҷассамаи қаҳрамонон дар Тбилиси, Гурҷистон. 27-уми сентябр. Ин муҷассама ба хотири қурбониёни муноқишаи Абхазия дар солҳои 1992-1993 бунёд шудааст. 

Чернобил, Украина. 1-уми ноябр.

Туман дар Киев. 6-уми ноябр.

Як мард бо акси Владимир Ленин дар рӯзи пирӯзии Инқилоби Октябр. Минск, Белорус. 7-уми ноябр.

Як сарбози украинӣ дар Луганск, Украина. 7-уми ноябр.

Як маросими динӣ дар Тбилиси, Гурҷистон. 14-уми ноябр.

Як мард дар назди Масҷиди бузурги Ҳирот, Афғонистон. 10-уми декабр.