"Устоди ҷиҳод" барои 19 сол равонаи зиндон шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷаҳонгир Қосимов, устоди забони англисӣ дар Душанбе, бо ҷурми таблиғи “ҷиҳод” ба шогирдон ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми ноябр эълон кард, ки Ҷаҳонгир Қосимов, маъруф бо лақаби "Эшон" муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳад кард.