Зӯҳро мегӯяд, дар интернат будани фарзандонаш беҳтар аз зиндагӣ дар як вагон аст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, аз ночорӣ шаш фарзандашро ба мактаб-интернат супурданист, то онҳо дар кӯча танҳову бетарбия намонанд. Аммо мақомоти Ҳисор гуфтаанд, ки қабул ба мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳолати ятими кул набудани кӯдакон "қатъиян манъ аст".