Тоҷикистон мунтазири истирдоди футболбози "ришдор" ба Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба истирдоди Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат, ки ба экстримизм муттаҳам буда, ахиран дар Беларус боздошт шудааст, омодагӣ мегиранд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои истирдоди ӯ ба Минск санадҳои қотеъ пешниҳод мекунад.