Издиҳоми начандон бузурги олимону донишмандон ва арбобони ҷамъиятию давлатӣ ва ихлосмандони Раҳим Масов тобути ӯро дар як мошини сангин субҳи ҷумъа ба оромгоҳи Лучоб оварданд ва ба хок супорданд.
Маросими видои донишманди тоҷик соати 7-и субҳ дар манзилаш воқеъ дар наздикиҳои Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, хеле кӯтоҳ сурат гирифт ва тобут ба Масҷиди марказии шаҳри Душанбе оварда шуд. Маросими ҷаноза бо имоматии Саидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд.
Масов то лаҳзаи ба зиндагӣ падруд гуфтанаш Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи шогирдонаш, чанд таҳқиқотҳои муҳими таърихии ин олим нотамом мондааст.
Пас аз сӯҳбати кӯтоҳи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар Масҷиди марказӣ тобути Масов бардошта шуд. Фарҳод Раҳимӣ бо изҳори таассуф зикр кард, ки академик Масов китоби муҳимеро, ки дар солҳои ахири умраш дар бораи вожа ва пайдоиши миллати тоҷик навиштнадид.
Вай гуфт ҳоло ин китоб омода шудааст ва рӯзҳои наздик аз дасти чоп мебарояд ва ниҳоят беҳад китоби пурарзиш дар бораи таърихи миллати тоҷик аст. "Ман бояд таъкид кунам, ки Масов агар аз дидаҳои мо рафта бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ аз дили мо намеравад ва дар сафҳаи таърихи миллати тоҷик бо ҳуруфи заррин навишта мешавад".
Раҳим Масов парвардаи хонаи ятимони Иттиҳоди Шӯравист ва бо талошҳои худ дар роҳи илм ба муваффақият ноил шудааст. Ӯ аз камтарин олимонест, ки дар баҳсҳои пурсарусадои марзӣ бо ҳамсоякишварҳо хомӯш набуд ва аз нодиртарин муаррихони давр буд, ки ноадолатиҳои сиёсии тақсимоти ҳудудии даврони Сталинро маҳкум кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Юсуфшоҳ Яқубов, бостоншиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, "заҳмату талоши Раҳим Масов дар навиштани таърихи халқи тоҷик беҳад пурарзиш аст. Ягон институти Академияи илмҳо ба андозаи Масов кореро, ки барои шинохти ҳувияти миллӣ анҷом медоданд, накардаанд. Масов аз лиҳози хислату хулқу атвор шахси мураккаб буд, дар роҳи якпорчагии миллат заҳматҳое ба харҷ додааст, ки нотакрор аст".
Масов то лаҳзаи ба зиндагӣ падруд гуфтанаш Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи шогирдонаш, чанд таҳқиқотҳои муҳими таърихии ин олим нотамом мондааст.
Тавре Абдулло Ғафуров, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон ва аз шогирдони Масов мегӯяд, китоби шашҷилдаи ӯ дар бораи таърихи халқи тоҷик баъди китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров, барои миллати тоҷик арзишманд аст:
Ӯ гуфт, "Масов як мактаби хос ва муҳити хоси шинохти таърихи миллиро доштанд, ки дар ин дабистон даҳҳо шогирдон бо ҳисси ифтихор ба миллат дар риштаи таърих пажӯҳишҳо анҷом медоданд. Ман ифтихор дорам,ки дар замони раҳбарии Раҳим Масов ба ҳайси шогирд кор кардаам, таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик, ки аз замони бостон то даврони мусории халқи тоҷикро дар бар мегирад, бидуни муҳобот ин китоб баъди "Тоҷикон”-и Ғафуров қарор хоҳад дошт".
Ҳанӯз даҳ сол қабл замоне,ки Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Тоҷикистон буд, бунёд ё сандуқи хусусии худро таъсис дод. Бино ба иттилои бунёди мазкур, таҳия ва иҷрои барномаҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дар бахши таъриху мероси миллати тоҷик, баргузории ҳамоишҳо ва нишастҳои илмӣ, таъсиси стипендия барои донишҷӯёни беҳтарин ва пуштибонии молӣ аз олимони ҷавон низ аз ҳадафҳои аслии сандуқи академик Раҳим Масов маҳсуб меёбад.