Дар Эрон Муҳаммад Салос эъдом шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Манобеи расмӣ дар Эрон хабар доданд, ки Муҳаммад Салос, яке аз пайравони силсилаи сӯфия ё "дарвешони гунободӣ", эъдом шудааст. Хабаргузории "Мизон", ки ба Додгоҳи олии Эрон тааллуқ дорад, иттилоъ дод, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати Муҳаммад Салос субҳи душанбеи 18-уми июн, амалӣ шудааст.