Як сокини Душанбе бобову бибиашро барои 2004 сомонӣ куштааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Музаффар Пирназаров, сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми қатли бобову бибиаш ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Куштори Раҳмат Пирназарови 86-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 77-сола, хусуру хушдомани Фурқати Саид, овозхони шинохта ва раҳбари гуруҳи "Шашмақом" моҳи сентябри соли 2016 дар Душанбе рух дода буд.