Афғонистон модари тоҷикро бо ду кӯдакаш ба Тоҷикистон супурд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Давлати Афғонистон як зани тоҷикро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуд, бо ду кӯдаки ноболиғаш ба Тоҷикистон супурдааст.
Ин занро, ки аз ӯ танҳо Хосият ном мебаранд, сафорати Тоҷикистон дар Кобул чанде пеш ба Душанбе бозпас фиристодааст.