Маргталабе дар Кобул 31 нафарро кушт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар шаҳри Кобул 31 нафар кушта ва 54 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш рӯзи 22-уми апрел дар назди издиҳоме рух дод, ки барои гирифтани корти ҳуввият дар наздикии як маркази сабти номи раъйдиҳандагон ҷамъ омада буданд.