Русия кадом хатти парвозҳои "Сомон-Эйр"-ро баст? Бинеду саргардон нашавед

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон дар як огаҳӣ ба муштариёни худ эълон кард, ки парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба ҳафт шаҳри Русияро қатъ мекунад. Ин тасмим, ба гуфтаи масъулони ширкат, "маҷбурӣ" ва бар асоси барқияи "Росавиатсия" гирифта шудааст. Ин барқия рӯзи 31-уми марти имсол дастрас гардид.