Беш аз 300 мусофир наметавонанд аз Екатеринбург ба Тоҷикистон баргарданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беш аз 300 нафар мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Колстсовои шаҳри Екатеринбурги Русия дар мондаанд. Онҳо мусофирони хатсайрҳои Екатеринбург-Хуҷанд ва Екатеринбург-Душанбе мебошанд, ки аз шаби гузашта боз мунтазири парвоз ҳастанд.