Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ, ки аз 27-уми феврал то 4-уми март дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек – баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Чунонки Федератсиони гуштии варзишии Қирғизистон ба хабаргузории Sport АКИpress иттилоъ додааст, дар Қасри варзиши ба номи Кожомкули Бишкек варзишгарони беш аз 30 кишвари қораи Осиё барои 30 маҷмуи медалҳо оид ба гуштии озод, юнонию румӣ ва гуштии занона тӯли панҷ рӯз мубориза мебаранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод таҳти раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов даҳ варзишгар дохил аст. Дар қатори паҳлавонони маъруф, ба монанди Баҳодур Қодиров (86 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг), инчунин гуштигирони ҷавон - Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг) ва Комилҷони Сафаралӣ (92 кг) – дар рақобатҳо ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқоти қитъавӣ дар намуди гуштии юнониву румӣ бо сарварии сармураббӣ Ҳабибулло Абдуллоев ҳашт варзишгари тоҷик - Ҳасан Сӯфиев (55 кг), Азизбек Шарифзода (67 кг), Сӯҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Бахтовар Ҳасанов (77 кг), Сӯҳроб Абдулҳаев (82 кг), Шараф Файзиев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг) ва Сӯҳроб Азизов (130 кг) - иштирок менамоянд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот варзишгарон оид ба гуштии юнонию румӣ дар панҷ вазн - 55, 63, 77, 87, 130 кг – рақобат мекунанд.
Ба варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бишкек раиси нави Федератсияи гуштии Тоҷикистон Комил Мирзоалӣ, сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, барору комёбиҳо орзу кард.
Зимнан, ӯ дар як ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, ки 22-юми феврал дар шаҳри Душанбе барпо гардид, раиси ин федератсия интихоб шудааст. Комил Мирзоалӣ дар ин симмат Музаффар Ҳукматуллоевро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст, иваз намуд. Вай ба муддати чор сол вазифаи раиси Федератсияи гуштии Тоҷикистонро ба дӯш гирифтааст.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ – баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Бахтовар Ҳасанов дар намуди гуштии юнонию румӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар вазни зери 75 кило пас аз пирӯзӣ дар аввалин қувваозмоияш бар Рай Ҳаяши (Ҷопон), дар даври чорякниҳоӣ аз Десунг Парки (Ҷумҳурии Корея) мағлуб гашт. Баъдан Бахтовар барои мақоми севум бар Ю Чинг Чен аз Тайван дастболо шуд. Вале гуштигирони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.
Ба иттилои Sport АКИpress, дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бишкек ба гуштигири қирғиз Бозор Бозоргуруев медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ва ҷоизаи молӣ супурда мешавад. Бозоргуруев дар Олимпиадаи Пекин дар ҳайати тими мунтахаби Қирғизистон дар риштаи гуштии озод мақоми 5-умро касб намуда, ҳамон сол бо ҷоизаи давлатӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор доллар мукофотонида шуда буд.
Моҳи апрели соли 2017 Созмони ҷаҳонии муттаҳидаи гуштӣ эълон кард, варзишгари укроин, ки дар Пекин медали нуқра гирифт, бар асоси ташхиси иловагӣ ба иллати истеъмоли допинг ё доруи нерӯбахш аз ҷоизааш маҳрум шуд. Бозоргуруев баъди ин ба ҷойи севум баромад ва пас аз 9 сол барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ гардид.
Зимнан, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар намуди гуштии юнонию румӣ Руслан Тюменбоеви қирғиз бо ҷоизаи давлатӣ ба маблағи 75 ҳазор доллар, мошини тамғаи “Mitsubishi Pajero 4”ва нишони «Данк» сарфароз шудааст.