Дар Қазоқистон боз як автобуси ҳомили муҳоҷирон оташ гирифт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоми 25-уми феврал дар шоҳроҳи Самара-Шимкент боз як автобуси ҳомили муҳоҷирон оташ гирифт. Ба қавли табибон камаш 5 нафар бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфтаанд. Моҳи гузашта дар ин роҳ бар асари сӯхтори автобус 52 муҳоҷири узбекистонӣ ҳалок шуда буданд.