Маҷлиси Миллӣ ба президент шудани 30-солаҳо мувофиқат кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумон – аз ислоҳи қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард. Ин иловаҳо, ки даҳ рӯз пеш дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуда буд, роҳи афроди 30-соларо барои довталабӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ боз мекунад.