Дар Бадахшон 19 нафар аз орд заҳролуд шуданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти вилояти Бадахшон гуфтанд, ки аз истеъмоли гандуми заҳролуд дар ин вилоят 19 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак заҳролуд шуда, таҳти назорати пизишкон ҳастанд. Охири моҳи январи имсол дар пайи чунин заҳролудшавӣ кӯдаки 11-солае дар ноҳияи Ишкошим ҷон дода буд.