Қодирӣ бознишаста шуд. Раҷаббой Аҳмадзода - раиси нав вилояти Суғд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҷаббой Аҳмадзодаи 47-сола, ки дар гузашта ба ҳайси раиси Хуҷанд ва тайи тақрибан ду соли ахир ба ҳайси раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон кор кардааст, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари вилояти Суғд таъйин шуд. Ӯ рӯзи 13-уми январ дар ин мақом Абдураҳмон Қодириро иваз кард.